Системаи POS барои Тоҷикистон

Тамоми тиҷорати худро аз як барнома идора кунед

Касса, анбор, филиалҳо, ҳисобот ва кормандон — ҳама дар UniPOS. Ҳангоми қатъи интернет низ кор мекунад.

Моҳи аввал бепул Офлайн кор мекунад Тоҷикӣ ва русӣ
unipos — Фурӯш (POS)
Экрани фурӯши UniPOS
Фурӯш дар 3 сония
Ҳисобот дар вақти воқеӣ

Интернет қатъ шуд? Фурӯш давом мекунад.

Чекҳо дар худи дастгоҳ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамин ки алоқа баргардад, худкор ба сервер мераванд.

20+модули корӣ
5нақши корманд
2забон дар барнома
24/7дастгирии техникӣ
Барнома аз дарун

Ин ҳамон чизест, ки ҳар рӯз мебинед

Скриншотҳои воқеӣ аз системаи кории UniPOS — на расмҳои тарҳрезӣ.

unipos — Фурӯш (POS)
Экрани UniPOS

Фурӯш (POS)

Сабад, скани штрихкод, 4 усули пардохт: нақд, корт, Alif, омехта.

Панели идора

Фурӯши имрӯз ва моҳ, динамикаи 14 рӯз, маҳсулоти беҳтарин, лидерборди кормандон.

Ҳисоботҳо

Ҳисоботи фурӯш, фоида ва хароҷот — бо содирот ба Excel.

Анбор

Захира, воридот, баршуморӣ ва огоҳӣ ҳангоми кам шудани мол.

Дар телефон

Ҳамон барнома дар телефон — бе насб, аз браузер кушода мешавад.

Оғоз

Дар се қадам ба кор медароед

1

Тамос мегиред

Бо WhatsApp ё занг мезанед. Мо тиҷорати шуморо мефаҳмем ва тарифи мувофиқро маслиҳат медиҳем.

2

Мо насб мекунем

Барнома, маҳсулот ва кормандонатонро ворид мекунем. Дастгоҳ лозим бошад — омода меорем.

3

Кор оғоз мешавад

Кормандонро меомӯзонем. Моҳи аввал бепул — бе ҳеҷ ӯҳдадорӣ санҷед.

Имкониятҳо

Ҳар чизе, ки тиҷорат талаб мекунад

На як барномаи касса — балки системаи пурраи идоракунӣ.

Фурӯш ва касса

Кассаи зуд

Сабад, тахфиф, фармоиш дар якчанд клик.

Скани штрихкод

Бо сканер ё камераи телефон.

4 усули пардохт

Нақд, корти бонкӣ, Alif ва пардохти омехта.

Чопи чек

Чеки чопӣ ё рақамӣ барои мизоҷ.

Режими офлайн

Интернет қатъ шавад — фурӯш давом мекунад ва баъд худкор синхрон мешавад.

Дар ҳар дастгоҳ

Терминали POS, компютер, планшет ё телефон.

Анбор ва филиалҳо

Назорати захира

Мондаи мол дар вақти воқеӣ, огоҳӣ ҳангоми кам шудан.

Якчанд филиал

Ҳар нуқта захира ва ҳисоби худро дорад, идора — ягона.

Интиқол байни нуқтаҳо

Мол ва ингредиентро бо ҳисоб мефиристед ва бармегардонед.

Баршумории анбор

Ҳисоби воқеиро бо барнома муқоиса кунед.

Таърихи ҳаракат

Ҳар воридот ва баромади мол сабт мешавад.

Таъминотчиён

Қарз, воридот ва таърихи кор бо ҳар таъминотчӣ.

Молия ва ҳисобот

Ҳисоботи фурӯш

Аз рӯи рӯз, моҳ, филиал, корманд ва маҳсулот.

Фоида ва хароҷот (P&L)

Даромад, хароҷот ва фоидаи софи воқеиро мебинед.

Содирот ба Excel

Ҳар ҳисоботро як клик боргирӣ кунед.

Чеки миёна ва хит

Кадом маҳсулот фоида меорад, кадомаш не.

Огоҳӣ дар Telegram

Фурӯш ва ҳисоботи рӯз ба Telegram меояд.

Ёрдамчии AI

Саволро бо забони оддӣ диҳед — ҷавоб аз рақамҳои шумо.

Кормандон ва идора

5 нақши корманд

Администратор, мудир, сандуқдор, ошпаз, ҷамъкунанда.

Навбатҳо

Кушодан ва бастани навбат, ҳисоби сандуқ.

CRM ва ҳозирӣ

Вазифаҳо, ҷадвали кор, ҳозирӣ ва рухсатии кормандон.

Назорати амалиёт

Ҳар тахфиф, бекоркунӣ ва тағйир бо номи корманд сабт мешавад.

Тоҷикӣ ва русӣ

Ҳар корманд забони худро интихоб мекунад.

Режими торик

Барои кори шабона — чашмро хаста намекунад.

Барои кӣ

Барнома ба тиҷорати шумо мутобиқ мешавад

Ҳар намуди тиҷорат экранҳо ва рангҳои худро мегирад.

Мағоза ва минимаркет

Барои савдои молӣ бо штрихкод ва анбори калон.

  • Скани штрихкод ва вазн
  • Анбор ва баршуморӣ
  • Якчанд филиал

Кафе ва фастфуд

Барои фурӯши зуд, иловагиҳо ва кори ошхона.

  • Иловагиҳо (шакар, ях, соус)
  • Экрани ошхона ва ҷамъкунанда
  • Менюи онлайн бо QR

Ресторан

Барои кор бо мизҳо, пешхизматон ва резерв.

  • Нақшаи зал ва мизҳо
  • Резерватсияи миз
  • Фармоиш аз миз ба ошхона
UniPOS дар амал

Бубинед, чӣ тавр кор мекунад

Аз навбат ва хато — то фурӯш дар чанд сония. Барои тамошо бо садо видеоро пахш кунед.

Минимаркет Скан кунед — ва тамом. Бе калкулятор ва бе хато. Нарх ва тафсилот →
Кафе ва фастфуд Фармоиш фавран ба экрани ошхона меравад. Нарх ва тафсилот →
Супермаркет Ҳисоботи ҳамаи филиалҳо ҳар рӯз дар Telegram. Нарх ва тафсилот →

Ҳама чиз. Дар як барнома.

Касса, анбор, филиалҳо, молия ва кормандон — бе он ки байни панҷ барнома давед.

Тарифҳо

Нархи софу равшан

Бе пардохти пинҳонӣ. Моҳи аввал барои ҳама тарифҳо бепул.

Минимаркет

Барои мағозаҳои хурд

Моҳона300 сомонӣ
Бо дастгоҳи POS8 000 сомонӣ
Пакети пурра, бе дастгоҳ2 500 сомонӣ
Моҳи аввал бепул
Интихоб кунед
Маъмултарин
Супермаркет

Барои мағозаҳои калон ва филиалҳо

Моҳона450 сомонӣ
Бо дастгоҳи POS11 000 сомонӣ
Пакети пурра, бе дастгоҳ2 500 сомонӣ
Моҳи аввал бепул
Интихоб кунед
Кафе / Ресторан

Барои муассисаҳои хӯрокворӣ

Моҳона300 сомонӣ
Бо дастгоҳи POS7 000 сомонӣ
Пакети пурра, бе дастгоҳ2 500 сомонӣ
Моҳи аввал бепул
Интихоб кунед

«Пакети пурра, бе дастгоҳ» — пардохти якдафъаина барои ҳамаи намудҳои тиҷорат.

AI тарозуи UniPOS
Нав

AI тарозу

Мева ва сабзавотро бо камера худаш мешиносад — кассир ҳеҷ чизро ҷустуҷӯ намекунад. Бо UniPOS пайваст.

  • AI маҳсулотро худаш мешиносад — бе ҷустуҷӯ ва бе код
  • Экрани калони сенсорӣ, вазн ва нарх худкор
  • Принтери дарунсохт — чек ва барчасп
  • Фурӯш ва анбор якбора дар UniPOS
Нарх12 000 сомонӣ
Фармоиш додан
Саволҳо

Саволҳои маъмул

Фурӯш давом мекунад. UniPOS чекҳоро дар худи дастгоҳ нигоҳ медорад ва ҳамин ки интернет баргардад, худкор ба сервер мефиристад — ҳеҷ фурӯш гум намешавад ва захира дучанд кам намешавад.

Не. UniPOS дар компютер, планшет ё телефони мавҷудаи шумо кор мекунад — танҳо браузер лозим аст. Дастгоҳи POS-ро танҳо он вақт мегиред, ки хоҳед ҳама чиз як ҷо бошад.

Ҳар филиал захира, кормандон ва ҳисоби худро дорад, вале шумо ҳамаро аз як панел мебинед. Мол байни филиалҳо бо ҳисоб интиқол дода мешавад.

Ҳар корманд бо номи худ ва бо ҳуқуқи маҳдуд ворид мешавад. Ҳар амалиёт — тахфиф, бекоркунӣ, тағйири нарх — сабт мешавад. Маълумот дар сервер нусхабардорӣ мешавад.

Одатан як рӯз. Мо маҳсулот ва кормандонро ворид мекунем, баъд бо сандуқдорон машғулияти кӯтоҳ мегузаронем. Моҳи аввал бепул аст — бе хавф месанҷед.

Як моҳ бепул санҷед

Бе ӯҳдадорӣ, бе пардохти пешакӣ. Агар маъқул нашавад — тарк мекунед.

Тамос

Биёед сӯҳбат кунем

Дар бораи тиҷорататон нақл кунед — мо мегӯем, ки UniPOS чӣ тавр кӯмак мекунад.

Тугмаро пахш кунед — паём дар WhatsApp омода мешавад.